261. РАСИДАНИ КАЙХУСРАВ НАЗДИ КОВУС
Чу Кайхусрав омад бари шаҳрёр,
Ҷаҳон гашт пурбӯю рангу нигор.
Ба озин ҷаҳоне шуд ороста,
Дару бому девор пурхоста.
Нишаста ба ҳар ҷой ромишгарон,
Гулобу маю мушк бо заъфарон.
Ҳама ёли аспон пур аз мушку май,
Шакар бо дирам рехта зери пай.
Чу Ковуси кай рӯи Хусрав бидид,
Сиришкаш зи мижгон ба рух барчакид.
Фуруд омад аз тахту шуд пеши ӯй,
Бимолид бар рӯи ӯ чашму рӯй.
Ҷавони ҷаҳонҷӯй бурдаш намоз,
Гурозон сӯи тахт рафтанд боз.
Фаровон зи туркон бипурсид шоҳ,
Ҳам аз тахти солори туронсипоҳ.
Чунин дод посух, ки «Он камхирад
Ба бад рӯи гетӣ ҳаме биспарад.
Сипаҳбад чӣ пурсад аз он шӯрбахт,
Ки на ком бодаш, на тоҷу на тахт!
Падарро бад-он зору хорӣ бикушт,
Зад он модарамро ба захми дурушт,
Ки то ман шавам кушта андар шикам,
Ки ӯро раҳоӣ мабодо зи ғам!
Чу гаштам ман аз покмодар ҷудо,
Ба кӯҳам фиристод он носазо.
Миёни бузу говмешу сутур
Шумурдам шубу рӯз гарданда хур.
Саранҷом Пирон биёмад ба кӯҳ,
Маро бурд наздики он кинпижӯҳ.
Битарсидам аз кору кирдори ӯй,
Бупечидам аз хашму озори ӯй.
Зи ҳар ҷой пурсиду ҳар чиз гуфт,
Хирад бо ҳунар кардам андар нуҳуфт.
Зи сар гар бипурсид, гуфтам зи пой,
Зи хӯрд ар бипурсид, гуфтам зи ҷой.
Бибурдаш варо ҳушу дониш Худой.
Маро бехирад ёфт он тирарой.