Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

262. САРКАШӢ КАРДАНИ ТУС АЗ КАЙХУСРАВ

Яке кохи Кашвод буд дар Ситахр, Ки озодагонро бад-он буд фахр. Чу аз тахти Ковус бархостанд, Ба айвони ӯ рафтан оростанд. Ҳаме гуфт Гударз бо шаҳрёр, Чу омад бад-он гулшани зарнигор. Бар авранги заррин-ш биншонданд, Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд. Бубастанд гурдони Эрон камар, Ҷуз аз Туси Нузар, ки печид сар, Ки ӯ буд бо кӯсу зарринакафш, Ҳам ӯро будӣ ковиёнӣ дурафш. Аз он кор Гударз шуд тезмағз, Паёме бари ӯ фиристод нағз. Биёмад ҷаҳонҷӯй Геви далер, Ки чанги ялон дошт, оҳанги шер. Бад-ӯ гуфт: «Бо Туси Нузар бигӯй, Ки ҳангоми шодӣ баҳона маҷӯй. Бузургону шерони Эронзамин Ҳама шоҳро хонданд офарин. Чаро сар кашӣ ту ба фармони дев, Бупечӣ сар аз роҳи кайҳонхидев? Агар сар бупечӣ зи фармони шоҳ, Маро бо ту кин хезаду размгоҳ. Фиристода Гев асту пайғоми ман Ба дастурии номдор анҷуман. Биёяд ба назди ту, эй пурҳунар, Мапечон зи гуфтори ӯ ҳеч сар». Зи пеши падар Гев бинмуд пушт, Дилаш пур зи гуфторҳои дурушт. Биёмад, ба Туси сипаҳбад бигуфт, Ки «Ин рои ту бо хирад нест ҷуфт». Чу бишнид, посух чунин дод Тус, Ки «Бар мо на хуб аст кардан фусӯс. Ба Эрон пас аз Рустами пилтан Сарафрози лашкар манам з-анҷуман. Набери Манучеҳршоҳи далер, Ки гетӣ ба теғ андаровард зер.