Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

263. ХАШМ КАРДАНИ ГУДАРЗ БО ТУС

Барошуфт Гударзу гуфт: «Аз меҳон Ҳаме Тус кам бод андар ҷаҳон! Намоем ӯро, ки фармону тахт Киро зебаду фарру аврангу бахт». Наберу писар дошт ҳафтоду ҳашт, Бизад кӯсу омад аз айвон ба дашт. Саворони ҷангӣ даҳу ду ҳазор Бирафтанд баргустувонвар савор. Сипаҳдор Гударзи лашкаршикан, Сипоҳаш зи гударзиён анҷуман. В-аз он сӯ биёмад сипаҳдор Тус, Бубастанд бар кӯҳаи пил кӯс. Бубастанд гурдон фаровон миён, Ба пеш-андарун ахтари ковиён. Чу Гударзро диду чандон сипоҳ. К-аз он хира шуд чашми хуршеду моҳ. Яке тахт бар кӯҳаи жандапил Зи пирӯза тобон ба кирдори нил. Ҷаҳонҷӯй Кайхусрави тоҷвар Нишаста бар он тахту баста камар. Ба гирд-андараш жандапилон дувист, Ту гуфтӣ ба гетӣ ҷуз ӯ шоҳ нест. Бар он тахт метофт Хусрав чу моҳ, Зи ёқути рахшанда бар сар кулоҳ. Або ёраву тавқу бо гӯшвор, Ба даст-андарун гурзаи говсор. Ғамӣ шуд дили Тусу андеша кард, Ки имрӯз агар ман бисозам набард, Басе кушта ояд зи ҳарду сипоҳ, Зи Эрон набархезад ин кинагоҳ. Набошад ҷуз аз коми Афросиёб, Сари бахти туркон барояд зи хоб. Ба Турон расад тахти шоҳаншаҳӣ, Сар ояд ҳама рӯзгори беҳӣ. Хирадманд мардеву ҷӯяндароҳ Фиристод наздики Ковусшоҳ, Ки "Аз мо касе гар бар ин дашти ҷанг Ниҳад бар камон чӯби тири хаданг,