Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

264. РАФТАНИ ГУДАРЗ ВА ТУС ПЕШИ КОВУС АЗ БАҲРИ ПОДШОҲӢ

Чу бишнид Ковус гуфтор рост, Фиристод кас, ҳардувонро бихост. Фиристода аз назди Ковусшоҳ Биёмад бари паҳлавони сипоҳ. Бад-ӯ гуфт нарм: «Эй ҷаҳондида пир, Манеҳ заҳри бурранда дар ҷоми шир. Бинеҳ теғу букшой банд аз миён, Набояд, ки ин суд гардад зиён. Сипаҳпаҳлавонон абе анҷуман Хироманд ҳар ду ба наздики ман». Бишуд Тусу Гударз наздики шоҳ, Сухан баркушоданд бар пешгоҳ. Чунин гуфт Туси сипаҳбад ба шоҳ, Ки «Гар шоҳ сер омад аз тоҷгоҳ, Ба фарзанд бояд, ки монад ҷаҳон, Бузургиву дайҳиму тахти меҳон. Чу фарзанд бошад, набера кулоҳ Чаро барниҳад, барнишинад ба гоҳ? Фарибурз бо фарру бурзи каён Миён баста дорад чу шери жиён». Бад-ӯ гуфт Гударз, к-«Эй камхирад, Туро бихрад аз мардумон нашмарад. Ба гетӣ касе чун Сиёвуш набуд, Чун ӯ роду бедору хомуш набуд. Кунун ин ҷаҳонҷӯй фарзанди ӯст, Ҳамон аст гӯӣ ба чеҳру ба пӯст. Гар аз Тур дорад зи модар нажод, Ҳам аз тухми шоҳӣ напечад зи дод. Ба Эрону Турон чунон мард нест, Чунин хом гуфторат аз баҳри чист? Ду чашмат надидаст худ чеҳри ӯй, Чунон бурзу болову он меҳри ӯй. Ба Ҷайҳун гузар кард, киштӣ наҷуст Ба фарри каёну ба рои дуруст. Чу шоҳи Фаридун, к-аз Арвандрӯд Гузашту наёмад ба киштӣ фуруд, Зи мардиву аз фарраи эзадӣ Аз ӯ дур шуд чашму дасти бадӣ.