265. РАФТАНИ ТУС ВА ФАРИБУРЗ БА ДИЖИ БАҲМАН ВА БОЗ ОМАДАН КОМНОЁФТА
Чу хуршед барзад сар аз бурҷи шер,
Сипеҳр андаровард шабро ба зер.
Фарибурз бо Туси Нӯзар давон
Биёмад ба наздики шоҳи ҷаҳон.
Чунин гуфт бо шоҳ Ковус Тус:
«Кунун бо сипаҳ ман барам пилу кӯс.
Ҳамон ман кашам ковиёнӣ дурафш,
Кунам лаъли рухсори душман бунафш.
Ба фарри Фарибурзу зӯри каён
Бубандам каёнӣ камар бар миён».
Бад-ӯ гуфт ҳар кас, ки ронад зи пеш,
Нагардад шумор эч бар камму беш.
Ба рои худованди хуршеду моҳ
Тавон ёфт пирӯзиву дастгоҳ.
Фарибурзро гар чунин аст рой,
Ту лашкар биёрою маншин зи пой.
Бишуд Тус бо ковиёнӣ дурафш,
Ба пой-андарун карда зарринакафш
Фарибурзи Ковус дар қалбгоҳ,
Ба пеш-андарун Тусу пилу сипоҳ.
Бишуд Тус бо лашкари ҷангҷӯй,
Ба тезӣ сӯи диж ниҳоданд рӯй.
Чу наздикии ҳисни Баҳман расид,
Замин ҳамчу оташ ҳаме бардамид.
Синонҳо зи гармӣ ҳаме барфурӯхт,
Миёни зиреҳ марди ҷангӣ бисӯхт.
Замин сар ба сар гуфтӣ аз оташ аст,
Ҳаво доми оҳармани саркаш аст.
Чу фарзандро фарру бурзи каён
Набошад, набера бубандад миён.
И –ҳамчунон. И –кард. Л –Ҷаҳоне шуда сурху зарду. Л –танҳо ду б. аввал
дида шуд.
Сари бораи диж буд андар ҳаво,
Надиданд ҷанги ҳаворо раво.
Сипаҳбад Фарибурзро гуфт: «Мард
Ба чизе чу ояд ба дашти набард:
Ба тиру камону ба теғу каманд,
Бикӯшад, ки бар душман орад газанд.