266. РАФТАНИ КАЙХУСРАВ БА ДИЖИ БАҲМАН ВА ГИРИФТАН ОНРО
Чу огоҳӣ омад ба озодагон
Бари пир Гударзи Кашводагон,
Ки Тусу Фарибурз гаштанд боз,
Туро рафт бояд ҳаме размсоз.
Биёрост Гударзу бархост ғав,
Биёмад сипаҳбад ҷаҳондори нав.
Яке тахти заррин забарҷаднигор
Ниҳоданд бар пилу ҷангисавор.
Ба гирд-андараш бо дурафши бунафш,
Ба пой-андарун карда зарринакафш.
Зи беҷода тоҷеву тавқе зи зар,
Ба зар-андарун чанд гуна гуҳар.
Ҳаме гуфт, к-имрӯз рӯзи нав аст,
Нишасти ҷаҳонҷӯй Кайхусрав аст.
Ҷаҳонҷӯй бар тахти заррин нишаст,
Ба сар-бар яке тоҷу гурзе ба даст.
Бишуд то дижи Баҳман озодшоҳ,
Худу Геву Гударзу чандон сипоҳ.
Чу наздики диж шуд, ба зин барнишаст.
Бипӯшид диръу миёнро бубаст.
Нависандае хонд бар пушти зин,
Яке нома фармуд бо офарин.
Зи анбар навиштанд бар паҳлавӣ,
Чунон чун бувад номаи хусравӣ,
Ки ин нома аз бандаи кирдгор,
Ҷаҳонҷӯй Кайхусрави номдор.
Ки аз бандае аҳриман бад биҷаст.
Ба Яздон зад аз ҳар бадӣ покдаст,
Ки ӯяст ҷовид бартар Худой,
Ҳам ӯяст рӯзидиҳу раҳнамой.
Худованди кайвону баҳрому хур,
Худованди фарру худованди зӯр.
Маро дод аврангу фарри каён,
Тани пилу чанголи шери жиён.
Ҷаҳоне саросар ба шоҳӣ марост,
Сари гов то бурҷи моҳӣ марост.
Гар ин диж бару буми оҳарман аст,
Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст.