267. БОЗ ОМАДАНИ КАЙХУСРАВ БА ФИРӮЗӢ
Чу огоҳӣ омад ба Эрон зи шоҳ
Аз он эзадӣ фарру он дастгоҳ,
Ҷаҳоне фурӯ монда андар шигифт,
Ки Кайхусрав он фарру боло гирифт.
Ҳама меҳтарон як ба як бо нисор
Бирафтанд шодон бари шаҳрёр.
Фарибурз пеш омадаш бо гурӯҳ,
Аз Эрон сипоҳе ба кирдори кӯҳ.
Чу дидаш, даромад зи Гулранг зер
Ҳам аз пушти Шабранг шоҳи далер.
Бибӯсид рӯяш бародарпадар,
Ҳам он ҷо бияфканд тахте зи зар.
Бар он тахти пирӯза биншондаш,
Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хондаш.
Нишаст аз бари тахти зар шаҳрёр,
Ба сар-бар яке тоҷи гавҳарнигор.
Ҳамон Тус бо ковиёнӣ дурафш
Ҳаме рафт бо кӯсу зарринакафш.
Биёварду пеши ҷаҳонҷӯй бурд,
Заминро бибӯсиду ӯро супурд.
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин кӯсу зарринакафш,
Ҳуҷаста ҳамин ковиёнӣ дурафш,
Зи лашкар бубин, то сазовор кист,
Яке паҳлавон аз дари кор кист,
Бад-ӯ деҳ, ки моро аз ин моя бас,
Гунаҳкардаро умр сармоя бас».
Зи гуфторҳо пӯзиш овард пеш,
Бупечид аз он беҳуда рои хеш.
Ҷаҳондори пирӯз бинвохташ,
Бихандиду бар тахт биншохташ.
Варо гуфт, к-«Ин ковиёнӣ дурафш,
Ҳам ин паҳлавониву зарринакафш
Набинам сазои касе дар сипоҳ,
Туро зебад ин ному ин дастгоҳ.
Ҷуз аз ту касеро созовор нест,
Ба дил-дар маро аз ту озор нест.
Туро пӯзиш акнун наёяд ба кор,
На бегонаро хостӣ шаҳрёр».