Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

268. БАР ТАХТИ ШОҲӢ НИШОНИДАНИ КОВУС ХУСРАВРО

Ба шодӣ зи аспон фуруд омаданд, Забону равон пурдуруд омаданд. Бишуд Хусраву дасти Ковусшоҳ Бибӯсиду молид рухро ба гоҳ. В-аз он пас ниё дасти ӯро ба даст Гирифту бибурдаш ба ҷои нишаст. Нишондаш дилафрӯз бар ҷои хеш, Зи ганҷур тоҷи каён хост пеш. Бибӯсиду бар сар-ш бинҳод тоҷ, Ба курсӣ шуд аз моявар тахти оҷ. Зи ганҷаш забарҷад нисор оварид, Басе гавҳари шоҳвор оварид. Басе офарин бар Сиёвуш бихонд, Ки Хусрав ба чеҳра ҷуз ӯро намонд. Зи паҳлӯ бирафтанд пурмоягон, Сипаҳбад сарону гаронсоягон. Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд, Ҳама зарру гавҳар барафшонданд. Ҷаҳонро чунин аст созу ниҳод, Зи як даст бистад, ба дигар бидод. Ба дардем аз ин рафтан андар фиреб, Замоне фарозу замоне нишеб. Агар дил тавон доштан шодмон, Ҷуз аз шодмонӣ макун, то тавон! Ба хубӣ биёрою бешӣ бубахш, Макун рӯзро бар дили хеш пахш. Бихур, ҳар чӣ дорӣ, фузунӣ бидеҳ, Ту ранҷидаӣ, баҳри душман манеҳ! Туро доду фарзандро ҳам диҳад, Ҳамон шох, к-аз бехи ту барҷаҳад. Набинӣ, ки гетӣ пур аз хостаст, Ҷаҳоне ба хубӣ биёростаст. Камӣ нест дар бахшиши додгар, Ҳаме шодӣ орою андуҳ мах(в)ар.