269. КАЙХУСРАВ Подшоҳии Кайхусрав шаст сол буд ОҒОЗИ ДОСТОН
Сухан ронд гӯё бар ин достон,
Дигар гӯяд аз гуфтаи бостон,
Ки Хусрав чӣ гуна нишинад ба гоҳ,
Чӣ гуна фиристад ба Турон сипоҳ.
Гар аз бахшиши кирдгори сипеҳр
Маро зиндагӣ монаду тоза чеҳр,
Бимонам ба гетӣ яке достон
Аз ин номаи номвар бостон.
Ба полез чун баркашад сарв шох,
Сари сабзшохаш барояд ба кох.
Ба болои ӯ шод бошад дарахт,
Чу бинад-ш бинодилу некбахт.
Дили рӯзгораш ҳаме парварад,
Ҷаҳоне зи кирдори ӯ бар х(в)арад.
Агар подшоҳӣ бувад дар гуҳар,
Бибояд, ки некӣ кунад тоҷвар.
Сазад, гар гумоне барад бар се чиз,
К-аз ин се гузаштӣ, ҷаҳор аст низ,
Ҳунар бо нажод асту бо гавҳар аст,
Се чиз асту ҳар се ба банд-андар аст.
Ҳунар кай бувад, то набошад гуҳар,
Нажода касе дидаӣ беҳунар?!
Гуҳар он, ки аз фарри Яздон бувад,
Наёзад ба бад дасту бад нашнавад.
Нажод, он ки бошад зи тухми падар,
Сазад, к-ояд аз тухми покиза бар.
Ҳунар он ки омӯзӣ аз ҳар касе,
Бикӯшиву печӣ зи ранҷаш басе.
Ба шабҳо зи бас, к-ин сухан гуфта шуд,
Ниёиш ҳамон гаҳ пазируфта шуд.
Аз ин ҳар кӣ гавҳар бувад моядор,
Ки зебо бувад хилъати кирдгор.
Чу ин ҳар се ёбӣ, хирад боядат,
Шиносандаи неку бад боядат,
Чу ин чор бо як тан ояд ба ҳам,
Биёсояд аз озу аз ранҷу ғам
Магар марг, к-аз марг худ чора нест,
В-аз ӯ тезтар тезпатёра нест.