270. ОФАРИН КАРДАНИ МЕҲТАРОН КАЙХУСРАВРО
Чу Кайхусрави шоҳ бар гоҳ шуд,
Ҷаҳон яксар аз кораш огоҳ шуд.
Нишаст аз бари тахти шоҳаншаҳӣ,
Ба сар барниҳод он кулоҳи меҳӣ.
Бигустурд гирди ҷаҳон додро,
Биканд аз замин бехи бедодро.
Куҷо буд аз гетӣ озодае,
Худованди тоҷу каёнзодае,
Ҳам аз шоҳи гетиву комоварӣ,
Бад-ӯ омада, ҳар чи номоварӣ.
Набуд дар ҷаҳон кас ба ҳангоми ӯй,
Куҷо сар наёвард дар доми ӯй.
Ҳар он ҷо, ки вайрон буд, обод кард,
Дили ғамгинон аз ғам озод кард.
Аз абри баҳорӣ биборид нам,
Зи рӯи замин занг биздуду ғам.
Замин чун биҳиште шуд ороста,
Зи доду зи бахшиш пур аз хоста.
Ҷаҳон шуд пур аз хубиву эманӣ,
Зи бад баста шуд дасти аҳриманӣ.
Фиристода омад зи ҳар кишваре,
Зи ҳар номдореву ҳар меҳтаре
Чу огоҳӣ омад сӯи Нимрӯз,
Ба назди сипаҳдори гетифурӯз,
Ки бар тахт биншаст фархунда кай
Ба чархи бузургӣ барафканда пай.
Бихонд ӯ сипоҳаш зи ҳар ҷойгоҳ,
Бад-он то намояд парастиш ба шоҳ.
Таҳамтан сӯи шоҳ бинҳод рӯй
Або шодкомиву бо рангу бӯй.
Або Золи Соми Наримон ба ҳам
Бузургони Кобул ҳама бешу кам,
Сипоҳе, ки шуд дашт чун обнӯс,
Бидаррид гӯши палангон зи кӯс.
Ба пеш-андарун Зол бо анҷуман,
Дурафши бунафш аз паси пилтан.
Чу огоҳӣ омад ба наздики шоҳ,
Ки омад ба раҳ Рустами некхоҳ.