271. ГАРДИДАНИ КАЙХУСРАВ ГИРДИ ПОДШОҲӢ
Чу хуршед шамшери рахшон кашид,
Шаби тираро гашт сар нопадид,
Баромад зи даргоҳ овози ной,
Бузургон сӯи шоҳ карданд рой.
Чу Тусу чу Гударзу Геви далер,
Чу Гургину Густаҳму Руҳҳоми шер.
Гаронмоягон назди шоҳ омаданд,
Бад-он номвар боргоҳ омаданд.
Чу анбӯҳ гаштанд бар пешгоҳ,
Чунон гуфт шоҳи ҷаҳон бо сипоҳ,
Ки «Хоҳам, ки бинам саросар замин
Ҳама марзи Эрони боофарин.
Бипӯем бар сони рои шикор,
Ба шодӣ гузорем як рӯзгор.
Бад-ин рой гаштанд яксар меҳон,
Ки пӯянду бинанд баҳр аз ҷаҳон.
Ба нахчир шуд шаҳрёри ҷаҳон
Або номвар Рустами паҳлавон.
Зи лашкар бирафтанд озодагон,
Чу Геву чу Гударзи Кашводагон,
Чу Шопуру Баҳроми шамшерзан,
Чу Гургину чун Бежани тирзан.
Чу Фарҳоду чун Зангаи Шоварон,
Гуроза, ки ӯ буд зи ҷанговарон.
Сипоҳе, ки шуд тира хуршеду моҳ
Зи бас ҷавшану хӯду гурзу кулоҳ.
Аз афканданахчир бе роҳу роҳ
Пур аз куштагон гашт чун размгоҳ.
Ҳама буми Эрон саросар бигашт,
Ба ободу вайронӣ андар гузашт.
Ҳар он буму бар, к-он на обод буд,
Табаҳ буду вайрон зи бедод буд,
Дирам доду обод кардаш зи ганҷ,
Зи доду зи бахшиш наёмад ба ранҷ.
Ба ҳар шаҳр биншасту бинҳод тахт,
Чунон чун бувад мардуми некбахт.
Ҳамон бадраву ҷоми май хостӣ,
Ба динор гетӣ биёростӣ.