Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

272. ПАЙМОН БАСТАНИ КАЙХУСРАВ БО КОВУС АЗ КИНИ АФРОСИЁБ

Чу рӯзи дурахшон баровард чок, Бигустурд ёқут бар тира хок, Ҷаҳондор биншасту Ковуси кай Ду шоҳи сарафрозу ду некпай Або Рустами гурду Дастон ба ҳам Ҳаме гуфт Ковус ҳар бешу кам. Аз Афросиёб андаромад нахуст, Ду рухро ба хуни ду дида бишуст. Бигуфт, он ки ӯ бо Сиёвуш чи кард, Чи гуна аз Эрон баровард гард. Басо паҳлавонон, ки беҷон шуданд, Зану кӯдаки хурд печон шуданд, Басе шаҳр бинӣ аз Эрон хароб, Табаҳ гашта аз ранҷи Афросиёб. Туро эзадӣ ҳар чӣ бояд-т, ҳаст Зи мардону аз донишу зӯри даст. Зи фарри бузургиву некахтарӣ, Зи шоҳон ба ҳар гавҳаре бартарӣ. Кунун аз ту савганд хоҳам яке, Набояд, ки печӣ зи дод андаке. Ки пуркин кунӣ дил зи Афросиёб, Дами оташ андарнаёрӣ ба об. Ба хешии модар бад-ӯ награвӣ, Напечиву гуфти касе нашнавӣ. Ба ганҷу фузунӣ нагирӣ фиреб, Ба пеш ар фароз оядат ё нишеб. Ба гурзу ба теғу ба тахту кулоҳ, Ба гуфтор бо ӯ нагардӣ зи роҳ. Бигӯям, ки бунёди савганд чист, Хирадрову ҷони туро банд чист? «Бигӯӣ ба додори хуршеду моҳ, Ба тоҷу ба тахту ба мӯҳру кулоҳ. Ба доди Фаридуну оину роҳ, Ба хуни Сиёвуш, ба ҷони ту, шоҳ. Ба фарру ба некахтари эзадӣ, Ки ҳаргиз напечӣ ба сӯи бадӣ. Миёнҷӣ нахоҳӣ ба ҷуз теғу гурз, Маниш бурз дорӣ зи болои бурз».