273. ШУМУРДАНИ КАЙХУСРАВ ПАҲЛАВОНОНРО
Бигашт андар ин низ чанде сипеҳр,
Чу аз хӯша бинмуд хуршед чеҳр.
Зи паҳлӯ ҳама мубадонро бихонд,
Суханҳои боиста чанде биронд.
Ду ҳафта дари бордодан бубаст,
Ба наввӣ яке дафтар андаршикаст.
Бифармуд Хусрав ба рӯзидиҳон,
Ки гӯянд номи кеҳону меҳон.
Сазовор бинвишт номи гавон,
Чунон чун бувад дархури паҳлавон.
Нахустин зи хешони Ковуси кай
Саду даҳ сипаҳбад фиканданд пай.
Фарибурзи Ковусашон пешрав,
Куҷо буд пайвастаи шоҳи нав.
Гузин кард ҳаштод тан нӯзарӣ,
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон,
Ки тоҷи каён буду фарзанди Тус
Худованди кӯполу шамшеру кӯс.
Се дигар чу Гударзи Кашвод буд,
Ки лашкар ба рои вай обод буд.
Наберу писар дошт ҳафтоду ҳашт,
Далерони кӯҳу саворони дашт,
Фарозандаи ахтари ковиён,
Фурӯзандаи тахту бахти каён.
Чу шасту се аз тухмаи Гаждаҳам
Бузурону солорашон Густаҳам.
Зи хешони Мелод чун сад савор,
Чу Гургини пирӯзгар, моядор.
Зи тухми Тавоба чу ҳаштоду панҷ
Саворони разму нигаҳдори ганҷ.
Куҷо Барта будӣ нигаҳдорашон,
Ба разм-андарун номбардорашон.
Чу сиву се ҷангиву тухми Пашанг,
Ки жӯпин будӣ созашон рӯзи ҷанг.
Нигаҳбони эшон ҳаме буд Гев,
Ки будӣ далеру ҳушивору нев.