274. ГАНҶҲО БАХШИДАНИ ХУСРАВ ПАҲЛАВОНОНРО
Ба ҷое, ки буданд аспон яла,
Ба лашкаргаҳ овард чӯпон гала.
Бифармуд, к-он, к-ӯ камандафкан аст,
Ба ҷанг-андарун гурди рӯинтан аст,
Абар тозиаспон каманд афкананд,
Сари бодпоён ба банд афкананд.
Аз он пас ҷаҳондори пирӯзгар
Або гурз биншаст бар тахти зар.
Дари ганҷи динор букшоду гуфт,
Ки ганҷи бузургон нашояд нуҳуфт.
Гаҳи кӯшишу кинаи корзор
Шавад ганҷу динор бар чашм хор.
Ба мардон ҳама ганҷу тахт оварем,
Ба хуршед бори дарахт оварем.
Чаро бурд бояд ҳаме рӯзгор,
Ки ганҷ аз паи мард ояд ба кор.
Биёвард сад тахта дебои Рум,
Ҳама пайкараш гавҳару зар-ш бум.
Ҳамон хаззу мансуҷу ҳам з-ин шумор
Яке ҷоми пургавҳари шоҳвор
Ниҳоданд пеши сарафроз шоҳ,
Чунин гуфт шоҳи ҷаҳон бо сипоҳ,
Ки «Инат баҳои сари бебаҳо
Палошони дижхими нараждаҳо.
Куҷо паҳлавон хондаш Афросиёб,
Ба бедории ӯ шавад сар ба хоб.
Сару теғу аспаш кӣ орад ба гард
Ба лашкаргаҳи мо ба рӯзи набард?»
Сабук Бежани Гев бар пой ҷаст,
Миён куштани аждаҳоро бубаст.
Ба ҷом-андарун низ чанде гуҳар,
Ҳамон ҷома бардошт в-он ҷоми зар.
Басе офарин кард бар шаҳрёр,
Ки ҷовид бодо сари тоҷдор.
В-аз он ҷо биёмад ба ҷои нишаст
Гирифта чунон ҷоми гавҳар ба даст.
Ба ганҷур фармуд пас шаҳрёр,
Ки орад дусад ҷомаи зарнигор.