Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

275. ФИРИСТОДАНИ КАЙХУСРАВ РУСТАМРО БА ЗАМИНИ ҲИНД

Чу аз рӯз шуд кӯҳ чун сандарус, Ба абр андаромад хурӯши хурӯс. Таҳамтан биёмад ба наздики шоҳ, Аз Эрон сухан гуфту аз тоҷу гоҳ. Завора, Фаромарз бо ӯ ба ҳам, Зи ҳар гунае рой зад бешу кам. Чунин гуфт Рустам ба шоҳи замин, Ки «Эй номбардори боофарин, Бари Зобулистон яке шаҳр буд, К-аз он буму бар Турро баҳр буд. Манучеҳр кард он зи туркон тиҳӣ, Яке хуб ҷоест бо фарраҳӣ. Чу Ковус шуд бедилу пирсар, Бияфтод аз ӯ ному фарру ҳунар, Гирифтанд он шаҳр турониён, Пас он ҷо намонданд эрониён. Кунун божу соваш ба Турон баранд. Сӯи шоҳи Эрон ҳаме нангаранд. Фаровон дар он марз пил асту ганҷ, Тани бегуноҳон аз эшон ба ранҷ. Зи бас ғорату куштану тохтан, Сар аз боди Турон барафрохтан. Кунун шаҳрёрӣ ба Эрон турост, Паи мӯр то чанги шерон турост. Яке лашкаре бояд акнун бузург Фиристод бо паҳлавони сутург. Агар бож наздики шоҳ оваранд, В-агар сар бар ин боргоҳ оваранд, Чу он марз яксар ба даст оварем, Ба Туронзамин мар шикаст оварем». Ба Рустам чунин посух овард шоҳ, Ки ҷовид бодӣ, ҳамин аст роҳ. Бубин, то сипаҳ чанд бояд ба кор, Гузин кун зи гурдон ҳама номдор. Замине, ки пайвастаи марзи туст, Баҳои замин дархури арзи туст. Зи як нима бар Синд дорад гузар, Ба Қаннуҷу Кашмиру он буму бар.