276. ОРОСТАНИ КАЙХУСРАВ ЛАШКАРИ ХУДРО
Чу хуршеди тобон баромад зи кӯҳ,
Сароянда омад зи гуфтан сутӯҳ.
Баромад табира зи даргоҳи шоҳ,
Рада баркашиданд бар боргоҳ.
Бубастанд бар пил рӯинахум,
Баромад хурӯшидани говдум.
Ниҳоданд бар кӯҳаи пил тахт,
Ба бор омад он хусравонӣ дарахт.
Баёмад, нишаст аз бари пил шоҳ,
Ниҳода ба сар-бар зи гавҳар кулоҳ.
Яке тавқи пургавҳари шоҳвор,
Ба чанг-андарун гурзаи говсор.
Фурӯҳишта аз гӯш ду гӯшвор,
Ба дурру ба ёқут карда нигор.
Ба бозуву ёра зи ёқуту зар,
Зи хушшобу зарру забарҷад камар.
Ҳаме зад миёни сипаҳ пил гом
Або занги заррину зарринситом.
Яке мӯҳра дар ҷом дар дасти шоҳ,
Ба кайвон расида хурӯши сипоҳ.
Зи теғу зи гурзу зи кӯсу зи гард
Сияҳ шуд замин, осмон лоҷвард.
Ту гуфтӣ ба дом-андар аст офтоб,
В-агар гашт хумми сипеҳр андар об.
Ҳаме чашми равшан ҷаҳонро надид,
Сипеҳру ситора синонро надид.
Зи дарё ту гӯӣ, ки бархост мавҷ,
Сипоҳ андаромад ҳаме фавҷ-фавҷ.
Саропарда бурданд аз айвон ба дашт,
Сипеҳр аз хурӯшидан осема гашт.
Чу бар пушти пил он шаҳи номвар
Задӣ мӯҳра бар ҷому бастӣ камар.
Набудӣ ба ҳар подшоҳӣ раво
Нишастан магар бар дари подшо.
Аз он номвар хусрави саркашон,
Чунин буд дар подшоҳӣ нишон,
Ҳаме буд бар пил дар паҳндашт,
Бад-он то сипаҳ пеши ӯ даргузашт.