Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

277. ОҒОЗИ ДОСТОНИ ФУРУД - ПИСАРИ СИЁВУШ

Ҷаҳондор чун шуд сарафрозу гурд, Сипаҳро ба душман набояд супурд. Сиришк андарорад ба мижгон зи ришк, Сиришке, ки дармон надорад пизишк, Касе к-аз нажоди бузургон бувад, Зи бешӣ бимонад, сутург он бувад. Чу бе коми дил банда бояд шудан, Ба коми касе достонҳо задан. Сипаҳбад чу хонад варо дӯстдор, Набошад дилаш бо хирад созгор. Гараш з-орзу боз дорад сипеҳр, Ҳамон офаринаш нахонад ба меҳр. Варо ҳеч хубӣ нахоҳад ба дил, Шавад з-орзуҳои ӯ дилгусил. Касеро, к-аш аз бун набошад хирад, Хирадмандаш аз мардумон нашмарад. Чу ин достон сар ба сар бишнавӣ, Бубинӣ сари мояи бадхувӣ.