278. ГУФТОР АНДАР РАФТАНИ ТУС БА ТУРКИСТОН
Чу хуршед бинмуд паҳнои хеш,
Нишаст аз бари тунд болои хеш,
Ба зер андаровард бурҷи бара,
Ҷаҳон чун маи зард шуд яксара.
Табира баромад зи даргоҳи Тус,
Ҳамон нолаи бӯқу овои кӯс.
Зи кишвар баромад саросар хурӯш,
Ҳаво пурхурӯшу замин пур зи ҷӯш.
Аз овози аспону ғавви сипоҳ
Ҳаме бар фалак роҳ гум кард моҳ.
Зи чоки силеҳу зи овои пил.
Ту гуфтӣ, биёганд гетӣ ба Нил.
Ҳаво сурху зарду кабуду бунафш
Зи тобидани ковиёнӣ дурафш.
Ба гирдаш саворони гударзиён,
Миён-андарун ахтари ковиён.
Сипаҳдор бо афсару гурзу ной
Биёмад ба даҳлези пардасарой.
Бишуд Тус бо ковиёнӣ дурафш,
Ба пой-андарун карда зарринакафш.
Бузургон, ки бо тавқу афсар буданд.
Ҷаҳонҷӯю аз тухми Нӯзар буданд,
Бирафтанд яксар зи пеши сипоҳ
Гурозону тозон ба наздики шоҳ.
Яке пилпайкар дурафш аз бараш,
Ба абр андароварда заррин сараш.
Ҳар он, к-ӯ зи тухми Манучеҳр буд,
Дилу ҷонаш аз Тус пурмеҳр буд.
Бирафтанд яксар чу кӯҳи сиёҳ,
На тобид хуршеди равшан, на моҳ.
Чу лашкар ҳама назди шоҳ омаданд,
Дамон бо дурафшу кулоҳ омаданд.
Бифармуд, то номдорони гурд
Зи лашкар сипаҳбад сӯи шоҳ бурд.
Бад-эшон чунин гуфт бедоршоҳ,
Ки «Туси сипаҳбад ба пеши сипоҳ
Бибоист бо ахтари ковиён,
Ба фармони ӯ баст бояд миён.