279. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ФУРУД АЗ ОМАДАНИ ТУС
Пас огоҳӣ омад ба назди Фуруд,
Ки шуд рӯи хуршеди тобон кабуд.
Зи пои ҳаюнону аз гарди пил
Замин шуд ба кирдори дарёи Нил.
Сипоҳи бародар-т аз Эронзамин
Ҳаме сӯи Турон гирояд ба кин.
Зи роҳи Калот аст оҳангашон,
Надонам куҷо уфтад ҷангашон.
Чу бишнид нокордида ҷавон,
Дилаш гашт пурдарду тира равон.
Фуруд омад аз диж, фурӯҳишт банд,
Биёмад, нигаҳ кард кӯҳи баланд.
Бифармуд, то ҳар чи будаш яла,
Ҳаюнону аз гӯспандон гала,
Фасила ба банд андаровард низ,
Намонд эч бар кӯҳу бар дашт чиз.
Ҳама пок сӯи Сипадкӯҳ бурд,
Ба банд-андарун сӯи анбӯҳ бурд.
В-аз он пас биёмад, дари диж бубаст,
Яке бораи тезтаг барнишаст.
Чу бархост овози кӯс аз Миям,
Ҳамон гард чун обнӯс аз Чарам,
Зи боми диж-андар Ҷарира бидид,
Аз он саҳми лашкар дилаш бардамид.
Ҷарира зане буд моми Фуруд,
Зи баҳри Сиёвуш дилаш пур зи дуд.
Бари модар омад Фуруди ҷавон
Чунин гуфт, к-«Эй бонуи бонувон,
Аз Эрон сипоҳ омаду пилу кӯс,
Ба пеши бузургон сипаҳдор Тус.
Чӣ гӯӣ, чӣ бояд кунун сохтан?
Набояд, ки орад яке тохтан».
Ҷарира бад-ӯ гуфт: к-«Эй размсоз,
Бад-ин рӯз ҳаргиз мабодат ниёз.
Ба Эрон бародар-т шоҳи нав аст,
Ҷаҳондори бедор Кайхусрав аст.
Туро нек донад ба ному гуҳар
Зи ҳамхуну аз мӯҳраи як падар.