280. РАФТАНИ ФУРУД ВА ТАХОР БА ДИДАНИ ЛАШКАР
Бирафтанд пӯён Тахору Фуруд,
Ҷавонро сари бахт баргашта буд.
Аз афроз чун каж бигардад сипеҳр,
На тундӣ ба кор ояд аз бун, на меҳр.
Ҷавоне, ки ҷонаш бихоҳад парид,
Куҷо метавонад ба пирӣ расид?
Гузиданд теғи яке бурзкӯҳ,
Ки дидор буд аксар эронгурӯҳ.
Бимонданд хира Фуруду Тахор
Аз он лашкару олати корзор.
Ҷавон бо Тахори сароянда гуфт:
«Зи ҳарч-ат бипурсам, набояд нуҳуфт.
Куноранг бо он ки дорад дурафш,
Худованди кӯполу зарринакафш,
Чу бинӣ, ба ман номи эшон бигӯй,
Касеро, ки донӣ аз Эрон ба рӯй.
Расиданд гурдон миёни ду кӯҳ,
Сипоҳ андаромад гурӯҳогурӯҳ
Зи бас тарги заррину зарринсипар,
Зи кӯполи заррину зарринтабар.
Ту гуфтӣ ба кон-андарун зар намонд,
Баромад яке абру гавҳар фишонд.
Зи бонги табира миёни ду кӯҳ
Дили каргас андар ҳаво шуд сутӯҳ.
Сипаҳдор, шамшерзан сӣ ҳазор
Ҳаме рафт гирд аз дари корзор.
Чу дастур лашкар саросар бидид,
Бар он шоҳзода сухан густарид.
Чунин посухаш дод доно Тахор,
Ки «Бар ту ниҳонӣ кунам ошкор.
Чунон дон, ки он пилпайкар дурафш,
Саворону шамшерҳои бунафш,
Сарафроз Туси сипаҳбад бувад,
Ки дар кина пархоши ӯ бад бувад.
Дурафши паси пушти ӯ дигар аст,
Чу хуршеди тобон бар ӯ пайкар аст.
Бародарпадар-т аст бо фарру ком,
Сипаҳбад Фарибурзи Ковус ном.