281. ОМАДАНИ БАҲРОМ БА НАЗДИ ФУРУД БА КӮҲ
Ба солор Баҳроми Гударз гуфт,
Ки «Ин кор бар мо намонад нуҳуфт.
Равам, ҳар чи гуфтӣ, ба ҷой оварам
Сари кӯҳ яксар ба пой оварам».
Бизад аспу омад зи пеши гурӯҳ,
Пурандеша бинҳод сар сӯи кӯҳ.
Чунин гуфт пас номвар бо Тахор,
Ки «Ин кист, к-омад чунин хор-хор?
Ҳамоно, наандешад аз мо ҳаме,
Ба тундӣ барояд ба боло ҳаме.
Яке бора дар зер дорад саманд,
Ба фитрок барбаста дорад каманд».
Чунин гуфт пас ройзан бо Фуруд,
Ки «Инро ба тундӣ набояд бисуд.
Ба ному нишонаш надонам ҳаме,
Зи гударзиёнаш гумонам ҳаме.
Чу Хусрав зи Турон ба Эрон расид,
Яке миғфари шоҳ буд нопадид.
Гумони ҳаме он барам бар сараш,
Зиреҳ бо ҳамон хусравонӣ бараш,
Зи Гударз дорад ҳамоно нажод,
Яке лаб ба пурсиш бибояд кушод».
Чу Баҳром наздиктар шуд, ба теғ,
Биғуррид бар сони ғурранда меғ.
«Чӣ мардӣ, бад- ӯ гуфт, -бар кӯҳсор
Набинӣ ҳаме лашкари бешумор?
Магар нашнавӣ бонгу овои кӯс,
Натарсӣ зи солори бедор - Тус?
Фурудаш чунин посух овард боз,
Ки «Тундӣ надидӣ, ту тундӣ масоз.
Сухан нарм гӯй, эй ҷаҳондида мард,
Маёлой лабро ба гуфтори сард!
На ту шери ҷангӣ, на ман гӯри дашт,
Бад-ин гуна бар мо набояд гузашт.
Фузунӣ надорӣ ту чизе зи ман
Ба гурдиву мардиву нерӯи тан.
Сару пову дасту дилу мағзу ҳуш,
Забони сарояндаву чашму гӯш.