282. БОЗ ОМАДАНИ БАҲРОМ НАЗДИ ТУС
Чу Баҳром баргашт, бо Тус гуфт,
Ки «Бо ҷони покат хирад бод ҷуфт!
Бидон, к-он Фуруд аст фарзанди шоҳ
Сиёвуш, куҷо кушта шуд бегуноҳ.
Намуд он нишоне, ки андар нажод
Зи Ковус доранд в-аз Кайқубод».
Чунин дод посух ситамгора Тус,
Ки «Ман дорам ин лашкару бӯқу кӯс.
Туро гуфтам, ӯро ба назди ман ор,
Суханро макун ҳеч аз ӯ хостор.
Гар ӯ шаҳрёр аст, ман худ киям?
Бад-ин лашкар андар зи баҳри чиям?
Яке туркзода чу зоғи сиёҳ,
Бар ин кӯҳ бигрифт роҳи сипоҳ.
Набинам зи худкома гударзиён,
Магар он ки дорад сипаҳро зиён.
Битарсидӣ аз беҳунар як савор,
На шери жиён буд бар кӯҳсор.
Сипаҳ диду баргашт сӯи фиреб,
Ба хира сипардӣ фарозу нишеб».
В-аз он пас чунин гуфт бо саркашон,
Ки «Эй номдорону душманкушон,
Яке номвар хоҳаму номҷӯй,
Ки орад сӯи кӯҳу ин турк рӯй.
Сарашро ба ханҷар бибуррад зи тан,
Ба пеши ман орад дар ин анҷуман».
Миёнро бубаст андар он Ревниз,
Ҳаме з-он набардаш пур омад қафиз.
Бад-ӯ гуфт Баҳром, к-«Эй паҳлавон,
Макун ҳеч бар хира тира равон.
Битарс аз Худованди хуршеду моҳ,
Дилатро ба шарм овар аз рӯи шоҳ,
Ки пайванди шоҳ асту ҳамзоди ӯй,
Саворест номовару ҷангҷӯй,
Ки гар сад савор аз миёни гурӯҳ,
Шавад пеши ӯ то сари теғи кӯҳ,
Зи ҷангаш раҳоӣ наёбад ба ҷон,
Ғам орӣ ҳаме бар дили шодмон».