Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

283. КУШТА ШУДАНИ РЕВНИЗ БАР ДАСТИ ФУРУД

Биёмад дигарбора домоди Тус. Ҳаме кард гардун бар ӯ-бар фусӯс. Зи роҳи Чарам бар Сипадкӯҳ шуд, Дилаш пурҷафо буду настӯҳ шуд. Чу аз теғи боло Фурудаш бидид, Зи қирбон камони каӣ баркашид. Чунин гуфт бо размдида Тахор, Ки «Тус он суханҳо гирифтаст хор, Ки омад савореву Баҳром нест, Маро дил дурушт асту падром нест. Бубин, то магар ёдат ояд, ки кист? Сару пош дар оҳан аз баҳри чист?» Чунин дод посух мар ӯро Тахор, Ки ин Ревниз асту гурди савор. Чиҳил хоҳар асташ чу хуррамбаҳор, Писар худ ҷуз ин нест андар табор. Фиребандаву риману чоплус, Ҷавону ҳунарманду домоди Тус». Чунин гуфт бо марди доно Фуруд, Ки «Ҳангоми ҷанг ин нашояд шунуд. Чу ояд ба пайкори кундоварон, Бихобам-ш бар домани хоҳарон, Бад-ӯ гар кунад боди килкам гузор, Агар зинда монад, ба мардам мадор. Ба тир асп печон кунам ё савор, Чӣ гӯӣ ту, эй кордида, Тахор?» Ҳаме тир букшой бар мард-бар, Магар Тусро з-ӯ биҷӯшад ҷигар. Надонад, ки ту дил биёростӣ, Ки бо ӯ ҳаме оштӣ хостӣ. Чу ӯ бо ту - бар хира ҷанг оварад, Ҳаме бар бародар-т нанг оварад. Чу бо теғ наздик шуд Ревниз, Ба зеҳ баркашид он хамонида шиз. Зи боло хаданге биронд аз бараш, Ки бардӯхт бо тарки румӣ сараш. Бияфтоду баргашт аз ӯ асп тез, Ба хок андаромад сари Ревниз.