284. КУШТА ШУДАНИ ЗАРАСП АЗ ДАСТИ ФУРУД
Чунин гуфт пас паҳлавон бо Зарасп,
Ки «Бифрӯз дилро чу озаргушасп.
Силеҳи саворони ҷангӣ бипӯш,
Ба ҷону тани хештан дор гӯш.
Ту хоҳӣ магар кини он номдор,
В-агарна манам кинаро хостор».
Зарасп омаду тарг бар сар ниҳод
Диле пур зи кина, саре пур зи бод.
Ба сӯи Сипадкӯҳ бинҳод рӯй,
Ҳаме шуд чу шери жиён кинаҷӯй.
Хурӯшону ҷӯшону дил пурниҳеб,
Бар афроз сар баркашид аз нишеб
Чунин гуфт шери жиён бо Тахор,
Ки «Омад дигар раҳ яке хостор.
Бубин, то кадом аст аз Эрон савор,
Ки ояд дамон бар сари кӯҳсор?»
Тахор он замон лаб зи ҳам баркушод,
Суханҳо ҳама як ба як кард ёд.
Ки «Ин пури Тус аст, номаш Зарасп,
Ки аз пили ҷангӣ нагардонад асп,
Ки ҷуфт аст бо хоҳараш Ревниз,
Ба кин омадаст ин ҷаҳонҷӯй низ.
Чу бинад бару бозуву миғфарат,
Хаданге бибояд кушод аз барат.
Бад-он то ба хок андарояд сараш,
Нагун андарояд зи бора бараш.
Дилам бегумон аст, к-омад-ш марг,
Дили Тус гардад чу даймоҳбарг.
Бидонад сипаҳдори девона Тус,
Ки эдар набудем мо бар фусӯс».
Чу наздиктар шуд абар теғи кӯҳ,
Назора бар ӯ буд эронгурӯҳ.
Фуруди диловар барангехт асп,
Яке тир зад бар миёни Зарасп,
Ки бо ҷавшану зин танашро бидӯхт,
Равонаш зи пайкони ӯ барфурӯхт.
Бияфтоду баргашт аз ӯ бодпой,
Ҳаме шуд дамону данон боз ҷой.