285. ҶАНГИ ТУС БО ФУРУД
Хурӯше баромад зи эронсипоҳ,
Ҳаме баргирифтанд гурдон кулоҳ.
Дили Тус пурхуну дида пуроб,
Бипӯшид ҷавшан ҳам андар шитоб.
Зи гурдони ҷангӣ бинолид сахт,
Биларзид бар сони барги дарахт.
Нишаст аз бари зин чу кӯҳи бузург,
Ки бинҳанд бар пушти пили сутург.
Инонро бупечид сӯи Фуруд,
Дилаш пур зи кину сараш пур зи дуд.
Тахори сароянда гуфт он замон,
Ки омад абар кӯҳ кӯҳи дамон.
Сипаҳдор Тус аст, к-омад ба ҷанг,
Натобӣ ту бо кордида наҳанг.
Бирав, то дари диж бубандем сахт,
Бубинем, то чист фарҷоми бахт.
Чу фарзанду домоди ӯро ба разм
Табаҳ кардӣ, акнун маяндеш базм».
Фуруди ҷавон тез шуд бо Тахор,
Ки чун разм пеш омаду корзор,
Чи Тусу чи пилу чи шери жиён,
Чи ҷангипалангу чи бабри баён
Ба ҷанг-андарун мардро дил диҳанд,
На бар оташи тез бар гил ниҳанд.
Чунин гуфт корозмуда Тахор,
Ки «Шоҳон суханро надоранд хор.
Ту худ як савориву гар оҳанӣ,
Ҳаме кӯҳи хоро зи бун барканӣ,
Аз эрониён номвар сӣ ҳазор
Ба ҷанги ту оянд бар кӯҳсор.
На диж монад эдар на сангу на хок,
Саросар зи пой андароранд пок.
В-агар Тусро з-ин газанде расад,
Ба Хусрав зи дардаш нажанде расад,
Ба кини падар-т андарояд шикаст,
Шикасте, ки ҳаргиз нашояд-ш баст.
Чӣ бояд туро тундиву ҷанги шер,
Ба диж шав, макун ҷанг бар хир-хир!»