286. РАЗМИ ГЕВ БО ФУРУД
Ҳаме гуфту ҷавшан ҳаме баст гурм,
Гурозон биёмад чу бар кӯҳ ғурм.
Фуруди Сиёвуш чу ӯро бидид,
Яке боди сард аз миён баркашид.
Ҳаме гуфт, к-ин лашкари размсоз,
Надонанд роҳи нишебу фароз.
Ҳама як зи дигар диловартаранд,
Абар тораки лашкарон афсаранд.
Валекин хирад нест бо паҳлавон,
Сари бехирад чун тани беравон.
Набошанд пирӯз, тарсам ба кин,
Магар Хусрав ояд ба Туронзамин.
Ба кини падар пушт пушт оварем,
Магар душманонро ба мушт оварем.
Бигӯ, к-ин савори сарафроз кист,
Ки бар дасту теғаш бибояд гирист?
Нигаҳ кард аз афрози боло Тахор,
Ба сӯи нишеб-андарун хор-хор.
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин аждаҳои дижам,
Ки мурғ аз ҳаво андарорад ба дам,
Ки дасти ниёи ту Пирон бубаст,
Ду лашкар зи Турон ба ҳам баршикаст.
Басе бепадар кард фарзанди хард,
Басе рӯду кӯҳу биёбон сипард.
Падар низ кард ӯ басе беҳунар.
Ба пай биспарад гардани шери нар.
Ба Эрон бародар туро ӯ кашид,
Ба Ҷайҳун гузар карду киштӣ надид.
Варо Гев хонанд, пил асту бас,
Гаҳи разм дарёи Нил асту бас.
Чу зеҳро ба шаст андарорӣ гиреҳ,
Хадангат наёбад гузар бар зиреҳ.
Силеҳи Сиёвуш бипӯшад ба ҷанг,
Натарсад зи пайкони тири хаданг.
Бикаш чарху пайкон сӯи асп рон,
Магар хаста гардад ҳаюни гарон.
Пиёда шавад, бозгардад магар,
Кашон чун сипаҳбад ба гардан сипар».