Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

287. ҶАНГИ БЕЖАН БО ФУРУД

Чунин гуфт шоҳи ҷаҳон бо Тахор, Ки «Омад ба наввӣ яке номдор. Нигаҳ кун, бубин, то варо ном чист, Бар ин марди ҷангӣ кӣ хоҳад гирист?» Ба хусрав Тахори сароянда гуфт, Ки «Инро аз Эрон касе нест ҷуфт. Ки фарзанди Гев асту гурди далер, Ба ҳар ҷанг пирӯз чун наррашер. Надорад ҷуз ин Гев фарзанд низ, Гиромитар асташ зи ҷону зи чиз. Ту акнун сӯи борагӣ дор даст, Дили шоҳи Эрон нашояд шикаст. Ва дигар, ки дорад ҳамон ӯ зиреҳ, Куҷо Гев зад бар гиребон гиреҳ. Бар ӯ тиру жӯпин наёяд ба кор, Сазад, гар пиёда кунад корзор. Ту бо ӯ басанда набошӣ ба ҷанг, Нигаҳ кун, ки алмос дорад ба чанг». Бизад тир бар аспи Бежан Фуруд, Ту гуфтӣ ба асп-андарун ҷон набуд. Бияфтод Бежан, ҷудо гашт аз ӯй, Сӯи теғ бо теғ бинҳод рӯй. Яке наъра зад, к-«Эй савори далер, Бимон, то бубинӣ кунун разми шер. Бидонӣ, ки бе асп мардон ба ҷанг Чӣ гуна хироманду ханҷар ба чанг. Бубинӣ маро, гар бимонӣ ба ҷой, Ки дар ҷанг аз он пас наёд-т рой». Чу Бежан ҳаме барнагашт аз Фуруд, Фуруд аз бараш низ тезӣ намуд. Яке тири дигар бияндохт шер, Сипар бар сар овард марди далер. Сипар бардариду зиреҳро наёфт, В-аз он рӯй Бежан ҳаме баршитофт. Аз он тундболо чу бар сар расид, Бизад дасту теғ аз миён баркашид. Фуруди гаронмоя з-ӯ бозгашт, Ҳама бораи диж пуровоз гашт.