Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

288. КУШТА ШУДАНИ ФУРУД

Чу хуршеди тобанда шуд нопадид, Шаби тира бар чарх лашкар кашид. Далерони диждор марде ҳазор Ба сӯи калот андаромад савор. Дари диж бубастанд аз он рӯи танг, Хурӯши ҷарас хост, овои занг. Ҳамон духти Пирону моми Фуруд Равон пур зи тимору дил пур зи дуд, Биёмад, ба назди гиромӣ бихуфт, Шаби тира бо дарду ғам буд ҷуфт. Ба хоб оташе дид, к-аз диж баланд Барафрӯхтӣ пеши он арҷманд. Саросар Сипадкӯҳ бифрӯхтӣ, Парастандаву диж ҳаме сӯхтӣ. Дилаш гашт пурдарду бедор шуд, Равонаш пур аз ранҷу тимор шуд. Ба бора баромад, ҷаҳон бингарид, Ҳама кӯҳ пурҷавшану найза дид. Рухаш гашт пурхуну дил пур зи дуд, Биёмад давон то ба назди Фуруд. Бад-ӯ гуфт: «Бедоргурд, эй писар, Ки моро бад омад зи ахтар ба сар. Саросар ҳама кӯҳ пурдушман аст, Дари диж пур аз найзаву ҷавшан аст». Ба модар чунин гуфт марди ҷавон, Ки «Аз ғам чунин чанд бошӣ навон? Маро гар замона шудаст испарӣ, Замонам зи бахшиш фузун нашмарӣ. Ба рӯзи ҷавонӣ падар кушта шуд, Маро ҳам чу ӯ рӯз баргашта шуд. Ба дасти Гурӯй омад ӯро замон, Сӯи ҷони ман Бежан омад давон. Бикӯшам, бимирам ба ғам зорвор, Нахоҳам аз эрониён зинҳор». Сипаҳро ҳама гурзу ҷавшан бидод, Яке тарки пурмоя бар сар ниҳод. Миён зери ҳафтони румӣ бубаст, Биёмад камони каёнӣ ба даст.