289. КУШТАНИ ҶАРИРА ХУДРО
Фуруди Сиёвахш бекому ном
Чу шуд з-ин ҷаҳон норасида ба ком,
Парастандагон бар сари диж шуданд,
Ҳама хештан бар замин барзаданд.
Ҷарира яке оташе барфурӯхт,
Ҳама ганҷҳоро бар оташ бисӯхт.
Яке теғ бигрифт аз он пас ба даст,
Дари хонаи тозиаспон бубаст.
Шикамшон бидарриду бубрид пай,
Ҳаме рехт бар рух ҳама хуну хай.
Биёмад ба болини фаррух Фуруд,
Бари ҷомаи ӯ яке дашна буд.
Ду рухро ба рӯи писар барниҳод,
Шикам бардариду бараш ҷон бидод.
Дари диж кушоданд эрониён,
Ба ғорат бубастанд яксар миён.
Чу Баҳром наздики он бора шуд,
Зи андӯҳ яксар дилаш пора шуд.
Биёмад ба болини фаррух Фуруд,
Рухаш пур зи обу дилаш пур зи дуд.
Ба эрониён гуфт, к-«Ин аз падар
Басе хортар мурду ҳам зортар.
Кушанда Сиёвахш чокар набуд,
Ба болин-ш-бар кушта модар набуд.
Ба гирдаш ҳама кох афрӯхта,
Ҳама хонумон кандаву сӯхта.
Ба бад бас дароз аст дасти сипеҳр,
Ба бедодгар барнагардад ба меҳр.
Зи Кайхусрав акнун надоред шарм,
Ки чандон сухан гуфт бо Тус нарм.
Ба кини Сиёвуш фиристодатон,
Басе панду андарзҳо додатон.
Зи хуни бародар чу огаҳ шавад,
Ҳаме шарму озарм кӯтаҳ шавад.
Зи Руҳҳом в-аз Бежани тезмағз
Наёяд ба гетӣ яке кори нағз».
Ҳамон гаҳ биёмад сипаҳдор Тус,
Ба роҳи Калот андаровард кӯс.