Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

290. ЛАШКАР КАШИДАНИ ТУС БА КОСАРӮД ВА КУШТА ШУДАНИ ПАЛОШОН АЗ ДАСТИ БЕЖАН

Чу Туси сипаҳбад зи ҷанги Фуруд Бипардахту омад аз он куҳ фуруд, Се рӯзаш диранг омад андар Чарам, Чаҳорум баромад зи шайпур дам. Сипаҳ баргирифту бизад ною кӯс, Замин кӯҳ то кӯҳ гашт обнӯс. Ҳар он кас, ки дидӣ зи туронсипоҳ Бикуштӣ, фикандӣ танашро ба роҳ. Ҳама марзҳо кард бетору пуд, Ҳаме рафт аз ин гуна то Косарӯд. Бад-он марз лашкар фуруд оварид, Замин гашт аз он хаймаҳо нопадид. Хабар шуд ба Турон, к-аз Эрон сипоҳ Сӯи Косарӯд андаромад зи роҳ. Зи туркон биёмад далере ҷавон Палошони бедордил, паҳлавон. Биёмад, ки лашкар ҳама бингарад, Дурафшу саропардаҳо бишмарад. Ба лашкаргаҳ-андар яке кӯҳ буд, Баланду ба як сӯ зи анбӯҳ буд. Нишаста бар ӯ Геву Бежан ба ҳам Ҳаме гуфт ҳар гуна аз бешу кам. Дурафши Палошон зи туронсипоҳ Ба дидори эшон баромад зи роҳ. Чу аз дур Геви диловар бидид, Бизад дасту теғ аз миён баркашид. «Шавам, - гуфту - буррам сарашро зи тан. В-агар баста орам бар ин анҷуман». Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Эй номдор, Маро дод хилъат бар ин шаҳрёр. Ба фармон маро баст бояд камар Ба разми Палошони пархошхар». Ба Бежан чунин гуфт Геви далер, Ки «Маштоб дар ҷанги он наррашер. Мабодо, ки бо вай натобӣ ба ҷанг, Кунӣ рӯз бар ман бад-ин ҷанг танг. Чу шер асту ҳомун варо марғзор, Ҷуз аз марди ҷангӣ наҷӯяд шикор».