291. БА ТАНГ ОМАДАНИ ЭРОНИЁН АЗ БОРИДАНИ БАРФ
В-аз он пас хабар шуд ба Афросиёб,
Ки шуд марзи Турон чу дарёи об.
Сӯи Косарӯд андаромад сипоҳ,
Замин шуд зи кини Сиёвуш сиёҳ.
Сипаҳбад ба Пирони солор гуфт,
Ки «Хусрав сухан баркушод аз нуҳуфт.
Магар, к-ин суханро пазира шавем,
Ҳама бо дурафшу табира шавем.
В-агарна зи Эрон биёяд сипоҳ,
На хуршед бинем равшан, на моҳ,
Бирав лашкар овар зи ҳар сӯ фароз,
Набояд, ки гардад суханҳо дароз».
В-аз ин сӯ баромад яке тундбод,
Ки касро зи Эрон набуд ҷанг ёд.
Яке тундабр андаромад чу гард
Зи сардӣ ҳамон лаб ба ҳам барфи сард.
Саропардаву хаймаҳо гашт ях,
Кашид аз бари кӯҳ бар барф нах.
Ҳама кишвар аз барф шуд нопадид,
Ба як ҳафта кас рӯи ҳомун надид.
Хуру хобу оромгаҳ танг шуд,
Ту гуфтӣ, ки рӯи замин санг шуд.
Касеро набуд ёди рӯзи набард,
Ҳаме аспи ҷангӣ бикушту бих(в)ард.
Табаҳ шуд басе мардуму чорпой,
Якеро набуд хинги ҷангӣ ба ҷой.
Ба ҳаштум баромад баланд офтоб,
Ҷаҳон шуд саросар чу дарёи об.
Сипаҳбад сипаҳро ҳаме гирд кард,
Ҳаме гуфт чанде зи рӯзи набард.
Ки «Эдар табаҳ шуд зи тангӣ сипоҳ,
Сазад, гар биронем аз эдар ба роҳ.
Мабодо, бар ин буму барҳо дуруд,
Калоту Сипадкӯҳ то Косарӯд».
Зи гурдон сарафроз Баҳром гуфт,
Ки «Ин бар сипаҳбад нашояд нуҳуфт.
Ту моро ба гуфтор хомуш кунӣ,
Ҳама разми пури Сиёвуш кунӣ.