292. ГИРИФТАНИ БАҲРОМ КАБУДАРО
Сипаҳбад чу лашкар бар ӯ гирд шуд,
Аз оташ ба роҳи Гиравгирд шуд.
Сипоҳ андаромад, чунон чун сазад,
Ҳама кӯҳу ҳомун саропарда зад.
Чунон чун бибоист, барсохтанд,
Зи ҳар сӯ талоя бурун тохтанд.
Гиравагирд будӣ нишасти Тажов,
Саворе, ки будиш бо шер тов.
Фасила бад-он ҷойгаҳ доштӣ,
Чунон кӯҳ то кӯҳ бугзоштӣ.
Хабар шуд, ки омад зи Эрон сипоҳ,
Гала бурд бояд ба як сӯ зи роҳ.
Фиристод гурде ҳам андар шитоб
Ба наздики чӯбони Афросиёб.
Кабуда будаш ному шоиста буд,
Ба шоистагӣ низ боиста буд.
Бад-ӯ гуфт чун тира гардад сипеҳр,
Ту з-эдар бирав, ҳеч манмой чеҳр.
Нигаҳ кун, ки чанд аст аз Эрон сипоҳ,
Бубин, то кӣ дорад дурафшу кулоҳ.
К-аз эдар бар эшон шабехун кунем,
Ҳама кӯҳу ҳомун пур аз хун кунем.
Кабуда биёмад чу деви сиёҳ
Шаби тира наздики эронсипоҳ.
Талоя шаби тира Баҳром буд,
Камандаш сари пилро дом буд.
Баровард аспи Кабуда хурӯш,
Зи лашкар барафрохт Баҳром гӯш.
Камонро ба зеҳ карду бифшорд рон,
Баромад зи ҷо он ҳаюни гарон.
Яке тир букшоду накшод лаб,
Кабуда набуд ҳеч пайдо зи шаб.
Бизад бар камарбанди чӯбони шоҳ,
Ҳаме гашт ранги Кабуда сиёҳ.
Зи асп андарафтоду зинҳор хост,
Бад-ӯ гуфт Баҳром: «Баргӯй рост,
Ки эдар фиристодаи ту кӣ буд?
Киро хостӣ з-ин далерон бисуд?»