Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

293. РАЗМИ ЭРОНИЁН БО ТАЖОВ

Чу хуршед барзад ба ҳомун дурафш, Дами шаб шуд аз ханҷари ӯ бунафш. Тажови сипаҳбад бишуд бо сипоҳ, Ба Эрон хурӯш омад аз дидгоҳ, Ки омад зи Турон сипоҳе ба ҷанг, Сипаҳбад наҳанге, дурафше ба чанг. Зи гарданкашон пеши ӯ рафт Гев, Тане чанд бо ӯ зи гурдони нев. Барошуфту номаш бипурсид ӯй, Чунин гуфт, к-«Эй марди пархошҷӯй, Бад-ин моя мардум ба ҷанг омадӣ, Гурозон ба ҷанги наҳанг омадӣ?» Чунин дод посух Тажови далер, Ки «Ман зӯри пил дораму чанги шер. Тажовам бувад ному мардафканам, Сари шери ҷангӣ зи тан барканам. Нажодам ба гавҳар зи Эрон будаст, Зи гурдону аз тухми шерон будаст. Кунун марзбонам бад-ин ҷойгоҳ, Гузини бузургону домоди шоҳ». Бад-ӯ гуфт Гев: «Он чи гуфтӣ, магӯй, Ки тира шавад з-ин сухан обрӯй. Аз Эрон ба Турон чӣ ҷӯяд нишаст? Магар хӯрданаш хун бувад ё кабаст. Агар марзбониву домоди шоҳ, Чаро бештар з-ин надорӣ сипоҳ? Бад-ин моя лашкар ту тундӣ маҷӯй, Ба тезӣ ба пеши далерон мапӯй, Ки ин пурҳунар номдори далер Сари марзбонон бидорад ба зер. Гар эдун ки фармон кунӣ бо сипоҳ Ба Эрон хиромӣ ба наздики шоҳ. Кунун пеши Туси сипаҳбад шавӣ, Бигӯиву гуфтори ӯ бишнавӣ, Ситонам аз ӯ хилъату хоста, Парастандаву аспи ороста. Бидидам ман ин рост, эй родмард, Чӣ гӯӣ, кунам рӯзи ҷангу набард».