Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

294. ОГОҲ ШУДАНИ АФРОСИЁБ АЗ ТУС ВА СИПОҲИ Ӯ

Тажови ғамӣ бо ду дида пуроб Чу омад ба наздики Афросиёб, Чунин гуфт, к-«Омад сипаҳдор Тус, Яке лашкар овард бо бӯқу кӯс. Палошону он номдорони мард Ба хок андаромад сароншон ба дард. Ҳама буму марз оташ андарзаданд, Фасила саросар ба ҳам барзаданд». Чу бишнид Афросиёб ин сухун, Ғамӣ гашту пас чора афканд бун. Ба Пирони Виса чунин гуфт шоҳ, Ки «Гуфтам, биёвар зи ҳар сӯ сипоҳ, Диранг оваридӣ ту аз коҳилӣ, Сабаб пирӣ омад ва гар баддилӣ? Басе хешу пайванди мо кушта шуд, Сари бахти бедор баргашта шуд. Кунун нест имрӯз ҷои диранг, Ҷаҳон гашт бар марди бедор танг». Сипаҳдор Пирон ҳам андар шитоб Бурун омад аз пеши Афросиёб. Зи ҳар марз мардони ҷангӣ бихонд, Силеҳу дирам доду лашкар биронд. Чу омад зи паҳлӯ бурун паҳлавон, Ҳама номзад кард ҷои гавон. Сӯи маймана Бормону Тажов, Саворон, ки доранд бо шер тов. Чу Настеҳани гурд бар майсара Куҷо шер будӣ ба чангаш бара. Ҷаҳон шуд пур аз нолаи каррной, Зи нолидани санҷу ҳиндидарой. Ҳаво сар ба сар сурху зарду бунафш, Зи бас найзаву гуна-гуна дурафш. Зи дарё ба дарё набуд ҳеч роҳ, Зи аспу зи пилу ҳаюну сипоҳ. Ҳаме кард Пирон ба рафтан шитоб, Аз айвон ба дашт омад Афросиёб. Сипаҳро якояк ҳама баршумурд, Ки чанд аст ҷангӣ сарафроз гурд.