Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

295. ШАБЕХУН КАРДАНИ ПИРОН БАР ЭРОНИЁН

Гузин кард он лашкари номдор Саворони шамшерзан сӣ ҳазор. Бирафтанд ниме гузашта зи шаб, На бонги табира, на бӯқу ҷалаб. Чу солори бедор лашкар биронд, Миёни ялон ҳафт фарсанг монд. Нахустин расиданд пеши гала, Куҷо буд дар дашти Турон яла. Гирифтанд бисёру бурданд низ, Намонд аз бади бахт монида чиз. Галадору чӯбон ҳама кушта шуд, Сари бахти эрониён гашта шуд. В-аз он ҷойгаҳ сӯи эронсипоҳ Бирафтанд бар сони абри сиёҳ. Ҳама маст буданд эрониён, Гурӯҳе нишаста, кушода миён. Ба хайма-дарун Гев бедор буд, Сипаҳдор Гударз ҳушёр буд. Хурӯш омаду бонги захми табар, Саросема шуд Геви пархошхар. Ба зин буд дар пеши пардасарой Яке аспи баргустувонвар ба пой. Ба тан-бар бипӯшид Геви далер Силоҳи Сиёвахши чун наррашер. Барошуфт бар хештан чун паланг, Зи хобу зи осоиш омад-ш нанг. Ҳаме гуфт: «Бархез, имшаб чӣ буд, Ки мағзам зи пайкор шуд пур зи дуд.» Биёмад, ба асп андаровард пой, Ба кирдори бод андаромад зи ҷой. Зи гарду зи шаб осмон тира дид, Ба пардасарои сипаҳбад расид. Бад-ӯ гуфт: «Бархез, к-омад сипоҳ, Ба хоб-андаранд он далерони шоҳ. В-аз он ҷойгаҳ шуд ба назди падар, Ба ҷанг-андарун гурзаи говсар. Ҳаме гашт бар гирди лашкар чу дуд, Барангехт онро, ки ҳушёр буд.