Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

296. БОЗХОНДАНИ КАЙХУСРАВ ТУСРО

Раванда бари шоҳ бурд огаҳӣ, Ки тира шуд он рӯзгори беҳӣ. Чу шоҳи далер он суханҳо шунид, Биҷӯшиду аз ғам дилаш бардамид. Зи кори бародар пур аз дард буд, Бар он дард-бар дарди лашкар фузуд. Забон кард гӯё ба нафрини Тус Шаби тира то гоҳи бонги хурӯс. Дабири хирадмандро пеш хонд, Дил оганда будаш, ҳама барфишонд. Яке нома бинвишт дил пур зи хашм Ба сӯги бародар пур аз об чашм Ба сӯи Фарибурзи Ковусшоҳ, Яке назди пурмоягони сипоҳ. Сари нома буд аз нахуст офарин Бад-он, к-офаридаш замону замин. Ба номи Худованди хуршеду моҳ, Ки ӯ дод бар неку бад дастгоҳ. В-аз ӯяст пирӯзиву ҳам шикаст, Ба неку ба бад з-ӯ бувад кому даст. Ҷаҳону макону замон офарид, Паи мӯру кӯҳи гарон офарид. Хирад доду ҷону тани зӯрманд, Бузургиву дайҳиму тахти баланд. Раҳоӣ наёбад сар аз банди ӯй, Якеро бувад фарру авранди ӯй Якеро дигар шӯрбахтӣ бувад, Ниёзу ғаму дарду сахтӣ бувад. Зи рахшанда хуршед то тира хок Ҳама дод бинам зи Яздони пок. Бишуд Тус бо ковиёнӣ дурафш, Зи лашкар чиҳил марди зарринакафш. Ба Турон фиристодамаш бо сипоҳ, Бародар шуд аз кин нахустин табоҳ. Ба Эрон чунон низ меҳтар мабод, Бар он гуна солори лашкар мабод! Дареғ он бародар Фуруди ҷавон, Сари номдорону пушти гавон.