Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

297. ДИРАНГ ХОСТАНИ ФАРИБУРЗ АЗ ПИРОН ДАР ҶАНГ

Фарибурз бинҳод бар сар кулоҳ, Ки ҳам паҳлавон буду ҳам пури шоҳ. В-аз он пас бифармуд Руҳҳомро, Ки пайдо кунад богуҳар номро. Аз он кӯҳ наздики Пирон шавад, Фаровон бигӯяд сухан, бишнавад. Бад-ӯ гуфт: «Рав, пеши Пирон хиром Яке хуб наздики ӯ бар паём. Бигӯяш, ки кирдори гардонсипеҳр Ҳамеша чунин буд бо кину меҳр. Якеро барорад ба чархи баланд, Якеро кунад хору зору нажанд. Касе, к-ӯ балоҷӯи гурдон бувад. Шабехун на оини мардон бувад. Шабехун наҷӯянд кундоварон, Касе, к-ӯ гирояд ба гурзи гарон. Ту гар бо дирангӣ, диранг оварем, В-арат рои ҷанг аст, ҷанг оварем. Яке моҳ бояд замони диранг, Ки то хастагон бозёбанд чанг». Зи пеши Фарибурз Руҳҳоми гурд Бурун рафту пайғоми нома бибурд. Биёмад, талоя бидидаш ба роҳ, Бипурсидаш аз ном в-аз ҷойгоҳ. Бад-ӯ гуфт: «Руҳҳоми ҷангӣ манам, Ҳунарманду бедору сангӣ манам. Паёми Фарибурзи Ковусшоҳ Ба Пирон расонам бад-ин ҷойгоҳ». Зи пеши талоя саворе чу гард Биёмад, суханҳо ҳама ёд кард, Ки «Руҳҳоми Гударз аз он размгоҳ Биёмад бари паҳлавони сипоҳ». Бифармуд, то пеши ӯ оваранд, Кушодадилу тозарӯ оваранд. Сароянда Руҳҳом шуд пеши ӯй, Ба тарс аз ниҳони бадандеши ӯй. Чу Пирон варо дид, бинвохташ, Бипурсиду бар тахт биншохташ.