Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

298. ШИКАСТА ШУДАНИ ЭРОНИЁН БА ҶАНГИ ТУРКОН

Чу омад сари моҳу ҳангоми ҷанг, Зи паймон нагаштанду аз ному нанг. Зи ҳар сӯ баромад хурӯши сипоҳ, Бирафтанд яксар сӯи размгоҳ. Зи бас нолаи бӯқу кӯсу дарой Ҳаме осмон андаромад зи ҷой. Ҳам аз ёли аспону дасту инон, Зи кӯполу теғу камону синон Набуд пашшаро рӯзгори гузар Зи бас теғу гурзу каманду сипар. Ту гуфтӣ ҷаҳон дар дами аждаҳост, В-агар осмон бо замин гашт рост. Сӯи маймана Геви Гударз буд, Куҷо мӯбаду меҳтари марз буд. Сӯи майсара Ашкаши тезчанг, Ки дарёи хун ронд ҳангоми ҷанг. Ялон бо Фарибурзи Ковусшоҳ, Дурафш аз паси пушт дар қалбгоҳ. Фарибурз бо лашкари хеш гуфт, Ки аз мо ҳунарҳо шуд андар нуҳуфт. Як имрӯз чун шер ҷанг оварем, Чаҳон бар бадандеш танг оварем, К-аз ин нанг то ҷовидон бар сипоҳ Бихандад ҳаме гурзу румикулоҳ. Яке тирборон бикарданд сахт, Чу боди хазон барҷаҳад бар дарахт. Набуд ҳеч паррандаро ҷойгоҳ Зи тиру зи гарди хурӯшон сипоҳ. Фарибурз чун лашкари Тур дид, Фуруд омад аз кӯҳу саф баркашид. Дурахшидани теғи алмосгун, Ба кирдори оташ ба гард - андарун. Ту гуфтӣ замин рӯи зангӣ шудаст, Ситора дили марди ҷангӣ шудаст. Зи бас найзаву гурзу шамшери тез Баромад ҳаме аз ҷаҳон растахез. Зи қалби сипаҳ Гев шуд пеши саф, Хурӯшону бар лаб бароварда каф.