299. БОЗГАШТАНИ БАҲРОМ БА ҶУСТАНИ ТОЗИЁНА БА РАЗМГОҲ
В-аз он пас чу ҳар ду сипаҳ орамид,
Шаби тира як баҳра андар кашид,
Давон рафт Баҳром пеши падар,
Ки «Эй боби номовари пурҳунар,
Бад-он гаҳ, ки он тоҷ бардоштам,
Ба найза ба абр - андар афроштам,
Яке тозиёна зи ман гум шудаст,
Чу гиранд бемоя туркон ба даст,
Ба Баҳроми пурмоя бошад фусӯс,
Ҷаҳон пеши чашмам бувад обнӯс.
Набишта бар он чарм номи ман аст,
Сипаҳдори туркон бигирад ба даст.
Шавам зуд, тозона боз оварам,
Агарчанд ранҷи дароз оварам.
Маро ин бад аз ахтар ояд ҳаме,
Ки номам ба хок андарояд ҳаме.»
Бад-ӯ гуфт Гударзи пир: «Эй писар,
Ҳаме бахти хеш андарорӣ ба сар.
Зи баҳри яке чӯби бастадувол,
Шавӣ хира андар дами бадсигол».
Чунин гуфт Баҳроми ҷангӣ, ки «Ман
Наям беҳтар аз дудаву анҷуман.
Ба ҷое тавон буд, ки ояд замон,
Ба кажжӣ чаро бурд бояд гумон?»
Бад-ӯ гуфт Гев: «Эй бародар, марав,
Фаровон маро тозиёнаст нав.
Яке дастаро симу зар-андар аст,
Ду даста ба хушшоб пургавҳар аст.
Фарангис чун ганҷ букшод дар,
Маро дод чандон силеҳу камар.
Ман ин диръу тозона бардоштам,
Ба Турон дигар хор бугзоштам.
Яке низ бахшид Ковусшоҳ,
Зи гавҳар ба сони фурӯзанда моҳ.
Дигар панҷ дорам ҳама зарнигор,
Бар ӯ бофта гавҳари шоҳвор.
Туро бахшам ин ҳафт, аз эдар марав,
Яке ҷанг хира маёрой нав».