Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

300. КУШТА ШУДАНИ БАҲРОМ БАР ДАСТИ ТАЖОВ

Чу лашкар биёмад бари паҳлавон, Бигуфтанд бо ӯ зи кори ҷавон. Фаровон сухан рафт аз он размсоз, Зи пайкори ӯ ошкорову роз. Бипурсид Пирон, ки «Ин мард кист? В-аз ин номдорон варо ном чист?» Яке гуфт: «Баҳроми шеравжан аст, Ки лашкар саросар бад-ӯ равшан аст». Ба Рӯин чунин гуфт Пирон, ки «Хез, Ки Баҳромро нест ҷои гурез. Магар зинда ӯро ба чанг оварӣ, Замона баросояд аз доварӣ. Зи лашкар касоне, ки бояд, бубар, Ки ӯ номдор асту пархошхар». Чу бишнид Рӯин, биёмад дамон, Набудаш ҷуз андешаи бад гумон Чу Баҳром дидаш, ба кирдори гард Бар ӯ-бар яке тирборон бикард. Бари тӯда биншаста Баҳроми шер, Ниҳода сипар бар сари худ далер. Чу Рӯини Пирон зи тираш бихаст, Ялонро ҳама кунд шуд пову даст. Ба сустӣ бари паҳлавон омаданд, Пур аз дарду тираравон омаданд, Ки ҳаргиз чунин кас наёмад ба ҷанг, Ба дарё надидем ҷангӣ наҳанг. Чу бишнид Пирон, ғамӣ гашт сахт, Биларзид бар сони барги дарахт. Нишаст аз бари бораи тундтоз, Ҳаме рафту бо ӯ басе размсоз. Биёмад, бад-ӯ гуфт, к-«Эй номдор, Пиёда чаро сохтӣ корзор? Ба Турон ту то бо Сиёвуш будӣ, Хирадманду бедору хомуш будӣ. Маро бо ту нону намак х(в)ардан аст, Нишастан ҳамон меҳр парвардан аст. Набояд, ки бо ин нажоду гуҳар, Бад-ин шермардиву чандин ҳунар