Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

301. КУШТАНИ ГЕВ ТАЖОВРО БА КИНИ БАҲРОМ

Чу хуршеди тобанда бинмуд пушт, Ба дил гашт Гев аз бародар дурушт. Ба Бежан чунин гуфт, к-«Эй дилкушой, Бародар ҳаме н-оядам боз ҷой. Бибояд шудан, то варо кор чист? Набояд, ки бар кушта бояд гирист». Далерон бирафтанд ҳар ду чу гард Бар он ҷои пархошу ҷои набард. Ба ҳар сӯ бигаштанду ҷустанд боз. Ба дидори Баҳромашон буд ниёз. Далерон чу Баҳромро ёфтанд, Пур аз обу хун дида биштофтанд. Ба хоку ба хун-андар афканда хор, Ҷудо гашта з-ӯ дасту баргашта кор. Зи асп-андар афтод Геви далер, Хурӯше баровард чун наррашер. Биҷунбид Баҳром з-овози ӯй, Биғалтиду боҳуш шуд боз ӯй. Чунин гуфт бо Гев, к-«Эй номҷӯй, Маро чун бипӯшӣ ба тобут рӯй, Ту кини бародар бихоҳ аз Тажов, Надорад магар гов бо шер тов. Маро дид Пирони Виса нахуст, Ки бо ман будаш рӯзгори дуруст. Ҳама номдорону гурдони Чин Биҷустанд бо ман аз оғоз кин. Тани ман Тажови ҷафопеша хаст, Накард эч ёд аз нажоду нишаст». Чу Баҳроми гурд ин сухан ёд кард, Буборид Гев аз мижа оби зард. Ба додори доранда савганд х(в)ард, Ба рӯзи сапеду шаби лоҷвард, Ки «Ҷуз тарки румӣ набинад сарам, Магар кини Баҳром бозоварам». Пур аз дарду кина сабук барнишаст Гирифта яке теғи ҳиндӣ ба даст. Бад-он гаҳ ки шуд рӯи гетӣ сиёҳ, Тажов аз талоя баромад ба роҳ.