302. БОЗГАШТАНИ ЭРОНИЁН БА НАЗДИ ХУСРАВ
Чу барзад сар аз кӯҳ тобанда шед,
Баромад сару тоҷи рӯзи сапед.
Сипоҳи пароканда гирд омаданд,
Ҳаме ҳар касе достонҳо заданд,
Ки чандин зи Эрон сипаҳ кушта шуд,
Сари бахти солори мо гашта шуд.
Чунин чира шуд дасти туркон ба ҷанг,
Сипаҳро кунун нест ҷои диранг.
Бари шоҳ бояд шудан бегумон,
Бубинем, то бар кӣ гардад замон.
Агар шоҳро дил пур аз ҷанг нест,
Марову туро ҷои оҳанг нест.
Падар беписар шуд, писар бепадар,
Басе хаставу гашта пурхун ҷигар.
Агар ҷанг фармон диҳад шаҳрёр,
Бисозад яке лашкари номдор,
Биёему дилҳо пур аз кину ҷанг
Кунем ин ҷаҳон бар бадандеш танг.
Бад-ин рой аз он марз гаштанд боз
Ҳама дида пурхуну дил пургудоз.
Бародар зи хуни бародар бадард,
Забоншон зи хешон пур аз боди сард.
Бирафтанд яксар сӯи Косарӯд,
Забоншон аз он куштагон пурдуруд.
Талоя биёмад зи пеши сипоҳ,
Касеро надиданд дар размгоҳ.
Ба Пирони Виса расид огаҳӣ,
К-аз эрониён гашт кишвар тиҳӣ.
Чу бишнид Пирон, сабук дар ниҳон
Ба ҳар сӯ фиристод корогаҳон.
Чу баргаштани саркашон шуд дуруст,
Сипаҳбад равонро зи андуҳ бишуст.
Биёмад ба шабгир худ бо сипоҳ,
Ҳаме гашт бар гирди он размгоҳ.
Ҳама кӯҳу ҳомун ҳама дашту ғор
Саропардаву хайма буд бешумор.
Ба лашкар бубахшиду худ баргирифт.
Зи кори ҷаҳон монда андар шигифт,