303. ПОДШОҲИИ КАЙХУСРАВ ДОСТОНИ КОМУСИ КАШОНӢ ОҒОЗИ ДОСТОН
Ба номи худованди хуршеду моҳ,
Ки дилро ба номаш хирад дод роҳ,
Худованди ҳастиву ҳам ростӣ,
Нахоҳад зи ту кажживу костӣ,
Худованди кайвону баҳрому шед,
К-аз ӯяст уммеду биму навид.
Ситудан ман ӯро надонам ҳаме,
Аз андеша ҷон барфишонам ҳаме.
Аз ӯяст пайдо макону замон,
Паи мӯр бар ҳастии ӯ нишон.
Зи гарданда хуршед то тира хок,
Ҳамон боду об, оташи тобнок
Ба ҳастии яздон гувоӣ диҳанд,
Равони туро ошноӣ диҳанд.
Сӯи офаринандаи бениёз
Бибояд, ки бошӣ ҳаме дар гудоз.
Зи дастуру ганҷур в-аз тоҷу тахт,
Зи каммиву бешиву нокому бахт,
Ҳам ӯ бениёз асту мо бандаем,
Ба фармону рояш сарафкандаем.
Чу ҷону хирад бегумон кардааст,
Сипеҳру ситора баровардааст,
Ҷуз ӯро мадон кирдгори баланд,
К-аз ӯ шодмониву з-ӯ мустаманд.
Шабу рӯзу гардонсипеҳр офарид,
Хуру хобу тундиву меҳр офарид.
Чунин омад ин гунбади тезгард,
Гаҳе шодмонӣ диҳад, гоҳ дард.
Шигифтӣ ба гетӣ зи Рустам басест,
К-аз ӯ достон дар дили ҳар касест.
Ба хушкӣ чу пилу ба дарё наҳанг,
Хирадманду бедордил, марди ҷанг.
Сари мояи мардиву ҷанг аз ӯст,
Хирадмандиву донишу санг аз ӯст.
Кунун разми Комус пеш оварам,
Зи дафтар ба гуфтори хеш оварам.
Ба гуфтори деҳқон кунун бозгард,
Нигар, то чӣ гӯяд ҷаҳондида мард.