Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

304. ХОР КАРДАНИ ХУСРАВ ТУСРО

Зи Турон Фарибурз бо анҷуман, Чу Гударзу чун Геви лашкаршикан, Ҳама сӯгвору пур аз об рӯй Сӯи роҳи Эрон ниҳоданд рӯй. Чу лашкар биёмад ба роҳи Чарам, Калот аз бару зер оби Маям. Ҳама ёд карданд разми Фуруд, Набуд ҷуз пушаймониву дард суд. Ҳама дил пур аз дард аз бими шоҳ, Ҳама дида пурхуну дил пургуноҳ, Ба ҷон шармгин назди шоҳ омаданд, Ҷигархаставу богуноҳ омаданд. Бародар-шро кушта бар бегуноҳ, Ба душман супурда нигину кулоҳ. Ҳама доғдил даст карда ба каш, Бирафтанд пешаш парасторваш. Бад-эшон нигаҳ кард Хусрав ба хашм, Дилаш пур зи дарду пур аз об чашм. Ба Яздон ҳаме гуфт, к-«Эй додгар, Ту додӣ маро тахту бахту ҳунар. Ҳаме шарм дорам ман аз ту кунун, Ту огаҳтарӣ аз ману чанду чун. Ва гар на бифармудаме то ҳазор Задандӣ ба майдон ба якбор дор. Тани Тусро дор будӣ нишаст, Дигар ҳар кӣ бо ӯ миёнро бубаст. Зи хуни падар будам андар хурӯш, Диле доштам бо ғаму дарду ҷӯш, Кунун кина нав шуд зи баҳри Фуруд, Сари Туси Нӯзар бибояд дуруд. Бигуфтам, ки сӯи Калоту Чарам Марав, гар фишонанд бар сар дирам, К-аз он раҳ Фуруд асту бо модар аст, Яли кайнажод асту кундовар аст. Чӣ донад, ки Туси фурӯмоя кист? Чунин сохта лашкар аз баҳри чист? Аз он кӯҳ ҷанг оварад бегумон, Фаровон саронро сар орад замон.