Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

305. ОМУРЗИШ КАРДАНИ ХУСРАВ ЭРОНИЁНРО

Чу шуд рӯи гетӣ зи хуршед зард, Ба хум андаромад шаби лоҷвард. Баромад хурӯш аз дари боргоҳ, Таҳамтан биёмад ба наздики шоҳ. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй хусрави б-офарин, Зи ту шодмон тахту тоҷу нигин. Зи Тусу зи лашкар биёзурд шоҳ, Ба ман бахш, ҳарчанд будшон гуноҳ. Чу фарзанду домодро кушта дид, Зи мағзу дилаш рой шуд нопадид. Яке он ки тунд асту ҳушёр нест, Дигар он ки ҷони писар хор нест. Чу дар пеши ӯ кушта шуд Ревниз, Зарасп он савори сарафроз низ, Гар ӯ барфурӯзад, набошад шигифт, Аз ӯ шоҳро кин набояд гирифт. Ва дигар, к-аз он бадгумон шуд сипоҳ, Ки фаррух бародар нашуд пеши шоҳ. Чунон дон, ки кас бе замона намурд, Дилатро бад-ин ғам набояд супурд. Чи берун шавад ҷон, чи берун кунанд, Намонад, в-агар сесад афсун кунанд». Бад-ӯ гуфт Хусрав, ки «Эй паҳлавон, Дилам пур зи тимор шуд з-он ҷавон. Кунун панди ту доруи ҷон бувад, В-агарчи дил аз дард печон бувад». Чу шоҳи ҷаҳон ин сухан кард ёд, Таҳамтан ба пешаш замин бӯса дод. Чу хуршед барзад синон аз нишеб, Шитоб омад аз рафтан андар вуреб, Бидаррид пирӯза пероҳанаш, Падид омад он лаъли рахшон танаш. Сипаҳбад биёмад ба наздики шоҳ Або Геву гурдони эронсипоҳ. Басе офарин хонд бар шаҳрёр, Ки «Нӯша бизӣ, то бувад рӯзгор. Замин пояи тоҷу тахти ту бод, Фалак сояи фарру бахти ту бод!