Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

306. ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВ ТУСРО БА ТУРОН

Чу хуршеди тобанда омад падид, Сапеда зи хамми камон бардамид, Сипаҳбад биёмад ба наздики шоҳ Ба ҳам бо бузургони эронсипоҳ. Бад-эшон чунин гуфт шоҳи ҷаҳон, Ки «Ҳаргиз паи кин нагардад ниҳон. Зи Салму зи Тур андаромад нахуст, Манучеҳр он кинаро боз ҷуст. Чунин нанг бар шоҳи Эрон набуд, Замин пур зи хуни далерон набуд. Ҳаме кӯҳ аз хуни гударзиён Ба зуннори хунин бубандад миён. Ҳаме мурғу моҳӣ бар эшон ба зор Бигиряд ба дарё-дару марғзор. Аз эрониён дашти турониён Пур аз дасту пой асту пушту миён. Шуморо ҳама шодмонист рой, Ба кина наҷунбад ҳаме дил зи ҷой». Далерон ҳама даст карда ба каш Ба пеши ҷаҳонҷӯи хуршедфаш. Ҳама ҳамгинон хок доданд бӯс, Чу Руҳҳому Гургину Гударзу Тус. Чу Харрод бо Зангаи Шоварон, Дигар Бежану Геву кундоварон, Ки «Эй шоҳи некахтари некдил, Ба дил бурдаӣ ҳам ту аз шер дил. Ҳама як ба як пеши ту бандаем, Зи шарми ту, шоҳо, сарафкандаем. Агар ҷанг фармон диҳад шаҳрёр, Ҳама ҷон фишонем дар корзор. Набинад зи мо ҳеч бад низ шоҳ, Магар тира гардад рухи ҳуру моҳ». Сипаҳдор пас Гевро пеш хонд, Ба тахти гаронмоягӣ барнишонд. Фаровон-ш бистуду бинвохташ, Басе хилъату некуӣ сохташ. Бад-ӯ гуфт, к-«Андар ҷаҳон ранҷи ман Ту ҷӯиву бебаҳрӣ аз ганҷи ман.