Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

307. ПАЙҒОМИ ПИРОН БА ЛАШКАРИ ЭРОН

Ҳаюне ба кирдори боди дамон Бишуд назди Пирон ҳам андар замон, Ки «Ман ҷангро гардан афрохта, Сӯи рӯди Шаҳд омадам сохта». Чу бишнид Пирон, ғамӣ гашт сахт, Ки барбаст бояд ба ноком рахт. Бурун рафт бо номдорони хеш, Гузида диловар саворони хеш, Ки эронсипаҳро бидонад, ки чист Сарафроз чанд асту бо Тус кист. Рада баркашиданд аз он сӯи рӯд, Фиристод назди сипаҳбад дуруд. В-аз ин рӯй лашкар биёвард Тус, Дурафши ҳумоюну пилону кӯс. Сипаҳдор Пирон яке чарбгӯй Зи туркон фиристод наздики ӯй. Бигуфт он, ки «Ман бо Фарангису шоҳ Чӣ кардам зи хубӣ ба ҳар ҷойгоҳ. Зи дарди Сиёвуш хурӯшон будам, Чу бар оташи тез ҷӯшон будам. Кунун бори тарёк заҳр омадаст, Маро з-он ҳама дард баҳр омадаст». Дили Тус ғамгин шуд аз кори ӯй, Бинолид аз он дарду гуфтори ӯй. Фиристодаро гуфт пас паҳлавон, Ки «Рав пеши Пирони равшанравон, Бигӯяш, ки гар рост гӯӣ сухун, Маро бо ту пайкор н-ояд зи бун. Сар озод кун, дур шав з-ин миён, Бубанд ин дари биму роҳи зиён. Бари шоҳи Эрон шавӣ бесипоҳ, Мукофот ёбӣ ба некӣ зи шоҳ. Бар Эрон туро паҳлавонӣ диҳад, Ҳамон афсари хусравонӣ диҳад. Чу ёд оядаш хуб кирдори ту, Дилаш ранҷа гардад ба тимори ту. Бар инанд Гударзу Геву сарон, Бузургони бедордил меҳтарон».