308. СИПОҲ ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ БА НАЗДИКИ ПИРОН
Ҳаюне фиристод ҳангоми хоб
Сароянда наздики Афросиёб,
К-«Аз Эрон сипоҳ омаду бӯқу кӯс
Або лашкари Геву Гударзу Тӯс.
Фаровон фиребаш фиристодаам,
Зи ҳар гунааш пандҳо додаам.
Сипоҳе зи ҷанговарон баргузин,
Ки бар кин ситоиш набошад ҷуз ин.
Магар бехашон аз буна барканем,
Ба буму ба бар оташ андарзанем.
В-агар на зи кини Сиёвахшшоҳ
Наёсояд аз ҷанг ҳаргиз сипоҳ».
Чу бишнид Афросиёб ин сухан,
Саронро бихонд он замон з-анҷуман.
Бар эшон бигуфт он суханҳо, ки рафт,
Ки бар кин бибояд бисечид тафт.
Яке лашкар орост Афросиёб,
Ки торик шуд чашмаи офтоб.
Даҳум рӯз лашкар ба Пирон расид,
Сипоҳе к-аз ӯ шуд замин нопадид.
Чу лашкар биёрост, рӯзӣ бидод,
Сипаҳ баргирифту буна барниҳод.
Зи паймон накард эч ёду на аҳд,
Биёмад дамон то лаби рӯди Шаҳд.
Талоя биёмад ба наздики Тус,
Ки барбанд бар кӯҳаи пил кӯс,
Ки Пирон наронад сухан ҷуз фиреб,
Чу донад, ки танг андаромад нишеб,
Дурафши ҷафопеша омад падид,
Сипаҳ бар лаби рӯд саф баркашид.
Биёрост лашкар сипаҳдор Тус,
Ба ҳомун кашиданд пилону кӯс.
Дурӯя сипоҳ андаромад чу кӯҳ,
Саворони Эрону Турон гурӯҳ.
Чунон шуд зи гарди сипаҳ офтоб,
Ки оташ баромад зи дарёи об.
Дурахшидани теғу жӯпину хишт,
Ту гуфтӣ замин - бар ҳаво лола кишт.