Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

309. КУШТАНИ ТУС АРЖАНГРО

Яке номдоре буд, Аржанг ном, Ба абр андароварда аз ҷанг ном. Барангехт аз дашти овард гард, Аз эрониён ҷуст ҷангу набард. Чу аз дур Туси сипаҳбад бидид, Биғурриду теғ аз миён баркашид. Ба пури Зиреҳ гуфт: «Номи ту чист? Зи туркони ҷангӣ туро ёр кист?» Бад-ӯ гуфт: «Аржанги ҷангӣ манам, Сарафроз шери дирангӣ манам. Кунун хокро аз ту ҷӯшон кунам, Бар овардгаҳ - бар сар афшон кунам». Чу гуфтори пури Зиреҳ шуд ба бун, Сипаҳдори Эрон шунид он сухун, Ба посух надид эч ҷои диранг. Ҳамон обдоре, ки будаш ба чанг, Бизад бар сару таргу он номдор, Ту гуфтӣ танаш сар наёвард бор. Ғамӣ гашт Пирону туронсипоҳ, Зи гурдон тиҳӣ монд овардгоҳ. Далерони Турону кундоварон Кашиданд шамшеру гурзи гарон. Бидоданд овоз бар якдигар, Бигуфтанд ҳар гуна шерони нар, Ки яксар биёему ҷанг оварем, Ҷаҳон бар дили Тус танг оварем. Чунин гуфт Ҳумон, ки «Имрӯз ҷанг Бисозему дилҳо надорем танг. Гар эдун, ки з-эшон яке номвар Зи лашкар барорад ба пайкор сар, Пазира фиристем гурде дамон, Бубинем, то бар кӣ гардад замон. Аз эшон ба тезӣ наҷӯем ҷанг, Бибояд як имрӯз кардан диранг. Бад-он гаҳ, ки лашкар биҷунбад зи ҷой, Табира барояд зи пардасарой. Ҳама яксара гурзҳо баркашем. Яке аз лаби рӯд бартар кашем.