310. ҶАНГИ ҲУМОН БО ТУС
Ба аспи уқоб андаровард пой,
Барангехт он боркашро зи ҷой.
Ту гуфтӣ яке бораи оҳан аст,
Ва ё кӯҳи Албурз дар ҷавшан аст.
Ба пеши сипоҳ андаромад ба ҷанг,
Яке хишти рахшон гирифта ба чанг.
Биҷунбид Туси сипаҳбад зи ҷой,
Ҷаҳон пур шуд аз нолаи каррной.
Чунин гуфт, к-«Аз Висаи шӯрбахт
Аз ин сон ба шумӣ барояд дарахт.
Намудам ба Аржанг як дастбурд,
Ки буд аз шумо номбардору гурд.
Ту акнун ҳамоно ба кин омадӣ,
Ки бо хишт бар пушти зин омадӣ.
Ба ҷону сари шоҳи эронсипоҳ,
Ки беҷавшану гурзу румикулоҳ,
Ба ҷанги ту оям ба сони паланг,
Ки бар кӯҳ ёзад ба нахчир чанг.
Бубинӣ ту пайкори мардони мард,
Чу овард гирӣ ба дашти набард».
Чунин посух овард Ҳумон бад-ӯй,
Ки «Бешӣ на хуб аст, бешӣ маҷӯй.
Гар эдун, ки бечораеро замон
Ба дасти ту омад, машав бадгумон.
Ба ҷанги ман Аржанг рӯзи набард
Куҷо доштӣ хештанро ба мард.
Далерони Эрон надоранд шарм,
Наҷӯшад якеро ба тан хуни гарм,
Ки пайкоргаршон сипаҳбад шудаст,
Ба разм-андарун дасташон бад шудаст.
Куҷо Бежану Геви озодагон,
Ҷаҳонгир Гударзи Кашводагон?
Ту гар паҳлавонӣ, зи қалби сипоҳ
Чаро омадастӣ бад-ин размгоҳ?
Хирадманд бегона хонад туро,
Ҳушивор девона донад туро.
Ту шав, ахтари ковиёнро бидор,
Сипаҳбад наёяд сӯи корзор.